К основному контенту

МУҲАММАД – ЧАРО ВА БО КАДОМ МАҚСАД ИН НОМРО ЗИЁД ИСТИФОДА МЕБАРАНД?

 

МУҲАММАД – ЧАРО ВА БО КАДОМ МАҚСАД ИН НОМРО ЗИЁД ИСТИФОДА МЕБАРАНД?

Вазира, модари панҷ фарзанд буда, ҳоло 39 сол дорад, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба сар мебарад. Вай 4 писар ва 1 духтар дорад. Оилаи Вазира ба номгузории фарзандон бисёр аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Номҳои фарзандони Вазира – Манижа, Муҳаммад, Додихудо, Алишер ва Амрихудо мебошад. Духтари ягонаи хонаводаро волидон бештар Хадича ном мебаранд.

 

Вақте писари аввалинаш ба дунё омад, шавҳари Вазира пешниҳод кард, ки ба кӯдаки навтавлидёфта номи Муҳаммадро медиҳанд. Чунки ӯ орзу дошт, ки яке аз номҳои фарзандаш номи Пайғамбар (с) номгузорӣ шуда бошад.

 «Ин номро ба фарзанд гузоштан хеле хуб аст ва дар ин бора дар китобҳо гуфта шудааст, ҳадис низ мавҷуд аст, - мегӯяд Вазира.

 Ба гуфти Вазира, ба кӯдак чунин ном гузошт, ки ӯ аз номаш ягон маротиба шарм надорад. Чун ном хосияти таъсир кардани ба феълу атвори инсонро дорад.

Муҳаммади 15-сола, писари калонии Вазира ҳоло дар синфи 8-уми мактаби миёнати 15-и шаҳри Гулистон мехонад. Ӯ оромтабиат буда, маҳорати хуби расмкашӣ дорад.

 

- Ҳамеша дар маҷлисҳои синфӣ аз роҳбари синфаш ва муаллимони мактаб миннатдорӣ мешунавам. Аълохони мактаб ба ҳисоб меравад, варзишро хеле дӯст медорад. Чандин маротиба дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ, аз намуди варзиши гӯштини юнонию римӣ соҳиби ҷойҳои сазовор гардидааст, - мегӯяд Вазира.

Бино ба гуфтаи муаллимаи яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд, ки дар синфаш ҳамагӣ 39 хонанда таҳсил мекунад ва аз он 19 нафараш писарбачаанд, номи се талабаи ӯ решаи «Муҳаммад»-ро дорад. «Ба монанди Муҳаммадҷон, Муҳаммадиқбол, Муҳаммадюсуф». 

Аслан, номи Муҳаммад арабӣ буда, маънояш сутудашуда, ҳамдшуда, номи паёмбар (с) мебошад.

 

Дар Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №325 ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ тасдиқ шудааст, ки онро дар сомонаи САҲШ пайдо кардан мумкин аст. Дар қарор омадааст, ки ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

 


Инчунин, феҳристи мазкурро дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайдо кардан мумкин аст.

 

Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ ҷудо карда шудааст. Дар қисмати аввал, номҳои духтарона ва дар қисмати дуввум номҳои писарона оварда шудаанд. Бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.

Дар қарор, дар бораи номҳои Пайғамбар (с) қисмат омадааст, ки бояд номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта шаванд. Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ихтисор шуда, дар шакли «ма, мат, мад, мамад, маҳмад» корбурд мешуданд, ба феҳрист дар шакли пурраашон ворид гардиданд: Мадкарим – Муҳаммадкарим, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон. 

Агар дар феҳрист ҳамагӣ зиёда аз 3300 номи тоҷикии миллӣ пешниҳод шуда бошад, мо аз феҳрист бо решаи Муҳаммад 89 номи гуногунро пайдо намудем. Аз ҷумла, Абумуҳаммад, Валимуҳаммад, Муҳаммаддовуд, Муҳаммадраҷаб, Муҳаммадшафеъ, Саидмуҳаммад, Файзимуҳаммад ва ғайра.

 


Масъулони САҲШ-и вилояти Суғд мегӯянд, ки барои фарзандон истифода бурдани номҳои Пайғамбарон монеагӣ надорад, вале номи Муҳаммадро волидайне, ки ба кӯдаконашон гузоштан мехоҳанд, меафзоянд. «Ҳоло шумораи аниқи номҳое, ки бо решаи «Муҳаммад» гузошта шудаанд, гуфтан мушкил аст ва бояд барои ин кор ба Агентии омори муроҷиат намуд».

 

Рустам Азизӣ, диншинос дар бораи ҳадисе, ки гӯиё яке аз номи фарзандонро бояд бо номи Пайғамбар (с) гузоштан лозим аст, мегӯяд, ин гап асоси воқеӣ надорад. Ин ҳадисро ҳадиси мавзӯъ мегӯянд, яъне ҳадиси сохта ва дурӯғ аст.

- Ба кӯдак гузоштани номи Пайғамбар (с) хуб аст, лекин ҳатмӣ нест. Ҳадисе, ки «ҳар касе се фарзанд дошту якеашро ба номи ман нагузошт, нисбат ба ман беэҳтиромӣ аст», ин ҳадиси дурӯғ аст, яъне сохта. Аз нуқтаи назари дини мубини Ислом асос надорад- афзуд Рустам Азизӣ.

Муҳаммад, фарзанди калонии Вазира дар оянда орзуи зиёд дорад. Ӯ мехоҳад меъмори машҳур шавад ва нақшаи калонтаринаш киштиеро кашида бошад. Орзуи дигараш нақши хонаи орзудоштаи модарашро тасвир ва бунёд намояд.

                                                                                                      Гузал МАҲКАМОВА, рӯзноманигор

 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Жители приграничных сел мечтают о жизни без границ

  Жители приграничных сел мечтают о жизни без границ Село Чоркишлак расположено в южной части Исфаринского района, в долине Исфаринской реки. Река протекает из пяти мест села, может и поэтому жители не ощущает трудности с водой. Внизу данного села находиться одно из самых знаменитых, чистой природой и лечебными процедурами санатория в стране, «Зумрадшох». Раньше в этих местностях росли облепиховые кустарники. 50-60 лет тому назад, можно было в этом местности увидеть их. Но, сейчас облепиху здесь не встретишь. Количества жителей растет, а Чоркишлак расширяется. ЧОР КИШЛАК, с перевода «четыре села». Здесь проживают коренные жители из четырёх сёл, Чорку, Чилгази, Исфара и Навгилем. 98% жителей села - местные таджики. Дома остались от их прадедушек. Раньше в селе были и несколько семей-кыргызов. Но, сейчас их осталось две или три. Есть еще и интернациональные семьи, которые состоят из киргизов и таджиков. Дорога от центра Исфары до села не дальняя, всего лишь 7-8 км. Общественных тран...

Негматулло Мирсаидов: Лучше мира на земле ничего нет

Политический обозреватель из Таджикистана Неъматулло Мирсаидов комментирует последний конфликт на кыргызско-таджикской границе. Негматулло Мирсаидов. Фото из личной страницы в Facebook Вопрос делимитации и демаркации границы слишком затянулся. Из 971 км общей границы с Кыргызстаном на данный момент описано всего 500 км. В некоторых участках вопрос сложный, потому что дома расположены в шахматном порядке, часть улиц на территории Таджикистана, часть – в Кыргызстане. Конечно, сложно провести линию по таким местам и стороны зашли в тупик. Самое главное –  они точно не определили критерии оценки к спорным землям. Таких спорных участков около 70. Кыргызская сторона ориентируется больше на карты последних лет. Таджикистан требует, чтобы учитывались и карты, когда обе страны считались автономными республиками ССР. Поэтому многие земли после получения независимости оказались спорными.   Во времена СССР карта была условная, люди могли свободно передвигаться, свободно пол...