Аутизм – ихтилолест, ки бо норасоии ҳамаҷонибаи ҳамкории иҷтимоӣ ва муошират бо шавқмандиҳои маҳдуд ва амалҳои такроршаванда тавсиф меёбад. То ҳол сабаби аутизм маълум нест, аммо тадқиқот нишон медиҳанд, ки аутизм натиҷаи маҷмӯи ихтилолҳои генетикӣ ва омилҳои берунии биологию экологӣ аст...
Аутист метавонад, дар оилаи солим таваллуд шавад. Қаҳрамони мо ба хотири фарзанди аутисташ касбашро иваз кард. Бештар дуо хонда, эътиқодашро мустаҳкам намуд. Маҳз эътиқоду имонаш ӯ ва фарзандашро дар зиндагӣ устувортар кард.
Беҳрӯз – «особенный ребенок»
Хиромон нахустфарзандашро бо азобҳои зиёд таваллуд кард. Ҳолати ҳар ду – ҳам модару ҳам кӯдак, вазнин буданд. Духтурон гуфтанд, ки зинда мондани кӯдак зери суол аст, чун осебҳои зиёд дорад. Ҳатто дар ҳолати зинда монданаш, шояд кӯдак суст инкишоф ёбад ва ё фалаҷ шавад. Давоми як моҳ модару кӯдак барои зинда мондан дар шӯъбаи эҳёи бемористон мубориза бурданд. Кӯдакаш тариқи дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид. Рӯзе, ки ҳолати кӯдак беҳтар шуду бидуни кӯмаки дастгоҳ тавонист, мустақиман худаш нафас кашад, ба ӯ Беҳрӯз ном гузоштанд. Аз он рӯз 21 сол сипарӣ шуд. Беҳрӯз як ҷавонмарди хушқаду қомат, меҳрубону ғамхори модару падар гардидааст. Аммо Хиромон то ҳол барои Беҳрӯз мубориза мебарад, зеро писараш дорои ташхиси аутизм аст...
Вақте Беҳрӯз 5-сола шуд, ба ӯ ташхиси аутизмро гузоштанд. Қабули ин маълумот барои Хиромону шавҳараш ва дигар аъзои оила хеле мушкил буд. Зеро, то 1,5-солагӣ Беҳрӯз дар инкишофи ҷисмонӣ аз дигар кӯдакон фарқ намекард.
«Дар яке аз клиникаҳои шаҳри Маскав ду моҳ зери муоина ва назорати духтурон будем. Мутахассисон ба Беҳрӯз ташхиси аутизмро гузоштанд. Духтур хулосаи худро шарҳ дода, гуфт, ки «аутизм – бемории табобатнашаванда буда, шахсро дар тӯли ҳаёт ҳамроҳӣ мекунаду боиси маъюбӣ мегардад». Баъд аз шунидани ин хабар ману шавҳарам аз клиника то хона гиря кардем. Дар автобус ҳама ба мо нигоҳ мекарданд. Мо бошад, ба Беҳрӯз менигаристему мегиристем. Бовариам намеомад, ки кӯдаки ман маъюб аст», - ба хотир меорад, Хиромон.
Ивази касб ба хотири фарзанд
Он солҳо Хиромон аспирант буд ва ҳамзамон дар донишгоҳ кор мекард. Ӯ иқтисодшиноси байналхалқӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ аст. Аммо Хиромон қарор кард, ки аз баҳри кори илмӣ ва фаъолияти касбӣ баромада, худро пурра ба фарзандаш мебахшад. Бо дастгирӣ ва машварати якчанд мутахассисони ботаҷриба, пайваста бо Беҳрӯз тамрину корбарӣ мекард. Мутахассисон мегуфтанд, ки пеш аз ҳама, худи модар бояд захира, донишу малака дошта бошад, то кӯдакашро инкишоф дода тавонад. Вақте чунин иқтидорро дар Хиромон диданд, тавсия доданд, ки худи ӯ бо Беҳрӯз кор кунад. Хиромон дар курсҳои омӯзишиву тренингҳо фаъолона иштирок карда, нозукиҳои кор бо шахсони имконияташон маҳдудро хеле хуб омӯхт.
- Вақте ки барои муолиҷаву муоинаи навбатӣ ба шаҳри Маскав сафар кардем, ман аз «Большой книжный магазин» адабиёти лозимӣ харида омадам. Ҳама аз мағозаҳо барои савғотӣ конфету дигар шириниҳо харидорӣ намоянд, ман фақат китоб мехаридам. Аз руйи ин китобҳо бо Беҳрӯз машғулияту супоришҳоро иҷро менамудем, дар тренингу семинарҳо иштирок карда, малакаҳои корбарии худро сайқал медодам, - афзуд Хиромон. «Самараи ин корбариҳо назаррас буданд, чун баъд аз як соли машғулиятҳои пайваста кӯдакам нишастан, бодиққат гӯш кардан, иҷро карданро омӯхта, нутқаш бурро шуд. Аввал, ӯ ба кӯдакистон ва сипас, ба мактаб рафт, ки бароям ин муваффақияти беҳтарин буд».
Буллинг ва хониши хонагӣ
Муносибати ҷомеа ба шахсони ғайримаъмулӣ боиси руҳафтодагии Хиромон мешуд. Дар кӯчаву нақлиётҳои мусофиркашон ва ҳатто дар мактаб, Хиромону Беҳрӯз бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд. Масалан, дар нақлиёти мусофиркашон шахсоне буданд, ки дағалона талаб менамуданд, то ӯ кӯдакашро ором кунад. Дар мактаб волидони норизо боис гардиданд, ки Беҳрӯз бо булинг рӯ ба рӯ шавад. Бархе аз онҳо эътироз мекарданд, ки чаро Беҳрӯз дар мактаби махсус намехонаду ҳамроҳи фарзанди онҳо дар як синф таҳсил мекунад. Хиромон бошад, дар маҷлисҳои падару модарон ба волидон муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш мекард, то ӯ ва Беҳрӯзро дастгирӣ кунанд. Зеро, таҳсил дар мактаб баробари ҳамсолони худ барои ба ҷомеа мутобиқ шудани Беҳрӯз мусоидат менамуд. Аммо на ҳама волидон эҳтиёҷот ва мушкилиҳои онҳоро дарк мекарданд. Бинобар ин, Беҳрӯз тавонист, танҳо 4 соли таҳсили ибтидоиро дар мактаб омӯзад ва боқимонда барномаҳои мактабиро тариқи омӯзиши хонагӣ аз худ намуд.
Таҳаммул бо кӯмаки эътиқод
Дар ҳолатҳои вазнин, Хиромон бештар бо хондани намоз ва мутолиаи китобҳо дили худро таскин медод. Он рӯзҳоро ба хотир оварда, мегӯяд:
- Вақте бо чунин нофаҳмиҳо ва мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардидем, сахт зиқ мешудам. Шабҳо хобам намебурд. Фикр мекардам, ки пас аз вафотам, бо фарзанди ман чӣ мешуда бошад, кӣ кӯдаки маро нигоҳубин мекарда бошад. Дар чунин лаҳзаҳо ман бисёртар ба Худо муроҷиат мекардам ва бо хондани намозк тиловати Қуръони Карим қалбам ором мегирифт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар як мусибат ва мушкилӣ ҳикмати бузурги худро дошта, инсонро қавиирода ва таҳаммулпазир мегардонад: «Масалан, дар сураи Бақара, ояти 286-ум омадааст, ки Худо ҳеч касро ба ҷуз андозаи тоқаташ амр намекунад. Ва ё дар сураи Нисо, ояти 9-ум гуфта шудааст, ки бояд аз Худо битарсанд касоне, ки агар пас аз хеш фарзандони нотавон бар ҷой мегузоранд, аз сарнавишти онон бимноканд. Бояд, ки аз Худо битарсанд ва сухани одилона ва босавоб бигӯянд!».
Комёбиҳои Беҳрӯз – натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Хиромон
Беҳрӯз хатмкунандаи мактаби санъати №1-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ, навозиши фортепиано мебошад. Волидон ба ӯ синтезатор тӯҳфа кардаанд ва Беҳрӯз мустақилона оҳанг эҷод мекунад. Навохтани гимнҳоро дӯст медорад. Инчунин, маҳорати суханварӣ низ дорад. Ба наттоқони номӣ пайравӣ намуда, шеърҳо ва суханҳои зиёди табрикотиро аз худ кардааст. Дар нигоҳубин, таъминот ва ташаккули Беҳрӯз модаркалон ва аъзои оилаашон нақши калидӣ доранд. Модаркалони Беҳрӯз пешравиҳои набераашро ба донишу кӯшишҳои пайвастаи Хиромон нисбат дода, ин ҳамаро натиҷаи меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Хиромон медонад.
- Ҳарчанд Хиромон хеле хаста мешавад, вале новобаста ба ин, боз ба дигар кӯдакон ёрӣ мерасонад, - мегӯяд хушдомани Хиромон.
Аз иқтисодшиносӣ то ба равоншиносӣ
Хиромон Абророва 7 сол инҷониб дар ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» ба ҳайси равоншиноси амалӣ, мутахассис оид ба рушди бармаҳал кор мекунад. Ӯ ба модарони амсоли худ ва бо кӯдакони амсоли Беҳрӯз кӯмак ва корбарӣ менамояд. Кори худро хеле дӯст медорад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави корбарӣ бо волидону кӯдакони маъюбиятдошта мебошад. Модароне, ки ба Хиромон муроҷиат мекунанд, аз ӯ маслиҳатҳои муфид гирифта, дар симои ӯ хоҳари мушфиқ, ҳамдарду ҳамроз ва боэътимодро мебинанд. Ҳамкоронаш ӯро мутахассиси пуркору соҳибтаҷриба меҳисобанд...
Яъне, гуфтан мумкин аст, ки ташхиси фарзандаш боис шуд, Хиромонро ба дигар соҳа – аз иқтисодшиносӣ ба равоншиносӣ, оварад.
Омор барои афкор
Равоншинос Шӯҳрат Ибрагимов таъсири эътиқоди диниро дар такмили ирода ва таҳаммули мушкилиҳо назаррас медонад.
- Баъзе аз волидоне, ки кӯдаки маъюб доранд, Офаридгорро маломат мезананд, ки «чаро ман?, барои чӣ кӯдаки ман? Барои кадом гуноҳҳоям...?», яъне ба Худо ситеза мекунанд. Гурӯҳи дигаре баръакс, ба Худо таваккал карда, мушкилиро ҳамчун санҷиши имон қабул мекунанд ва мекӯшанд, дар роҳи бартараф кардани он ба Худо муроҷиат кунанд. Дар ин ҳолат, эътиқоди динӣ ва иҷро (риоя)-и аҳкоми он – намоз хондан, дуо кардан, бо Худо мулоқоту гуфтугӯ кардан, як воситаи ором шудан, қабул ва созгор гардидан бо душвориҳо мебошад, - меафзояд Ибрагимов.
Дар Тоҷикистон то ҳол аутизм ҳамчун бемории ҷудогона дар рушди асабҳои инсон эътироф нашудааст ва табибон аутизмро ташхис намекунанд.
Тибқи маълумоти соли 2019, дар Маркази ҷумҳуриявии равоншиносии кишвар 3500 нафар синну соли то 18 сабти ном шудаанд, ки наздики 300 нафарашон гирифтори бемории аутизм ё бемории спектри аутизм мебошанд. Вале бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар асл шумори кӯдакони гирифтори аутизм ду карат зиёданд, зеро дар кишвар корҳои ошкорнамоии саривақтӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст.
Гузал МАҲКАМОВА, журналист
Махфиратҷон УСМОНОВА, журналист
Насим РАҲИМОВ, аксбардор
Комментарии
Отправить комментарий