Ӯ орзу дошт, табиб шавад. Наздики 20 сол инҷониб ҳамчун хамшираи тиб дар беморхонаи марказии ноҳия кор мекунад...
Оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд...
Тибб ва Ислом исқоти ҳамлро инкор мекунад
Фараҳангези 43-сола, модари 5 фарзанд аст. Ӯ дар оилаи калон ба воя расидааст. Бинобар фарзанди аввалин буданаш ӯ бештар ба модараш дар калон кардани ду хоҳар ва ду додари худ кӯмак кардааст. Орзу дошт, табиб шавад. Баъд аз хатми мактаби ноҳия ба коллеҷи тиббии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, омад. Пас аз хатми коллеҷ, барои кор ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт рафт. Қариб 20 сол аст, ки ҳамчун хамшираи тиб дар шӯъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт кор мекунад...
Фараҳангез оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд. Ҳамин тавр, Фараҳангез низ соҳиби панҷ фарзанд шуд: чор духтар ва як писар. Бо баробари бузург кардани фарзандони худ, ӯ дар беморхона кор мекард ва корҳои хонаро низ сари вақт иҷро мекард.
Муваффақияти фарзандон – хушбахтии модар
Имрӯз фарзандони Фараҳангез дар гимназияи №1-и ноҳияи Ашт таҳсил мекунанд. Онҳо аз иштирокчиёни фаъоли олимпиада буда, дар маҳфилу чорабиниҳои мактабию берун аз он фаъолона ширкат меварзанд. Фарзанди калониаш гирандаи стипендияи Раисҷумҳур аст. Инчунин, соли ҷорӣ ин фарзандаш ба донишгоҳи Алтайи шаҳри Барнаули Русия ба таври онлайнӣ имтиҳон супорида, донишҷӯйи факултаи педагогӣ аз рӯи ихтисоси «сотсиолог» ба гурӯҳи буҷавӣ дохил шуд.
- Муваффаққияти фарзандонамро дида, фахр мекунам. Хурсанд мешавам, ки ба ҳар якеи онҳо таҳсили хуб дода истодем, - мегӯяд Фараҳангез.
«Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки баъзе аз дӯстон мегуфтанд, «дар замони имрӯза серфарзандӣ намешавад». Вале боре ҳам ман дар бораи исқоти ҳамл фикр накардаам, зеро бовар дорам, ки ризқи ҳар як шахсро Худованд медиҳад».
Исқоти ҳамл гуноҳ аст?!
Ислом ҳомилаеро, ки дар батни модар аст, аз рӯзи аввал онро кӯдак мешуморад ва исқоти ҳамлро дар марҳилаи аввали он низ гуноҳ ҳисоб мекунад.
Дар католикҳо исқоти ҳамл дар ҳама гуна мӯҳлату ҳолат манъ аст ва гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад.
Православиҳо бошад, дар баъзе аз ҳолатҳо сабукиро пешниҳод намудааст. Протестантҳо низ ҳомилаи ба саломатии модар хатарнокро барои қатъ кардан иҷозат додааст, вале ин танҳо дар мӯҳлати аввали ҳомиладорӣ.
Баҳоиҳо ҳам чунин мешуморанд, ки агар ҳомила ба саломатии модар зарарнок набошад, ба қатъи ҳомила зид аст.
Меҳмонова: «Ҳар як исқоти ҳамл ба саломатии зан зарар дорад»
Бино ба гуфтаи сардухтури Маркази репродуктивии вилояти Суғд Раъно Меҳмонова, ҳар як исқоти ҳамл ба саломатии зан зарари зиёд дорад.
- Хатоҳои зиёдтарини занони мо беэҳтиётӣ ба саломатии худ аст. Ҳар як ҳомиладорӣ барои бадани зан бори калон мебошад. Бояд оиларо ба нақша гирифт ва ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кард. Хусусан дар шароите, ки занони деҳоти мо доранд, - илова намуд, Раъно Меҳмонова.
Ӯ мегӯяд, бархе аз занони синну соли таваллуд дар деҳот, яъне дар манотиқи дурдасти кӯҳистон ба сар мебаранд. Ҳарчанд дар он ҷо низ кормандони тибби репродуктивӣ хизматрасонӣ мекунанд, аммо кам нафарон ба онҳо муроҷиат менамоянд. «Мутаассифона, он занҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, мустақилона қарор қабул намекунанд ва барои истифодаи воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ аз шавҳар ва ё аъзои оилаи шавҳари худ, дар бештари маврид, аз хушдоман бояд иҷозат гиранд. Ва маҳз ин масъалаҳо ҳолати занонро боз ҳам мушкилтар мегардонанд».
«Одами зиёд, истеъмоли зиёд ба болоравии иқтисодиёти давлат меорад»
Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ҳар сол 2% меафзояд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба санаи 23-уми июли соли 2022, шумораи сокини кишвар ба 10 миллион нафар расидааст. Ин нишондод дар соли 1990 хамагӣ 5,4 миллион нафарро ташкил медод.
Бино ба ин рақамҳо, барои як зани тоҷик дар деҳот – 5-6 кӯдак ва дар шаҳр – 2-3 кӯдак, рост меояд.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2018 ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ки зиёдшавии аҳолиро таҳти назорат бигирад. Вале иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки «одами зиёд, истеъмоли зиёд ба болоравии иқтисодиёти давлат меорад».
Гузал МАҲКАМОВА, журналист
Махфиратҷон УСМОНОВА, журналист
Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ, аксбардор
Комментарии
Отправить комментарий