Мухбирахон, сокини шаҳри Бӯстон ва модари се фарзанд аст. Ду фарзандаш маъюбият доранд. Баъд аз таҳқиру дашномҳои шавҳар ва хушдоман ӯ аз оилааш ҷудо шуд. Қарор кард, ки худашро ба тарбияи фарзандонаш ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб мебахшад...
Тақдир, таҳқир ва ҷудошавӣ
Мухбирахон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаб мехост, таҳсили худро дар донишгоҳ идома диҳад. Аммо имкониятҳои оилавӣ даст намедод, ки ӯ ба орзуи худ бирасад. Бо маслиҳати модар Мухбирахон дар омӯзишгоҳ таҳсил намуда, ба ихтисоси мураббияи муассисаҳои томактабӣ соҳиб гашт. Дар 18-солагӣ оиладор шуд ва як сол пас ин оила соҳиби писарчаи зебо гардид. Тавлиди фарзанди нахустин – Шероз, ҳаёти оилаи ҷавонро рангин намуд. Пас аз 5 сол духтарчааш – Шоҳсанам, таваллуд шуд. Аммо инкишофи ҷисмии Шоҳсанам каме сустар буд. Дар 6-моҳагӣ вазнаш баробари вазни навзод буд. Пас аз ташхису муоинаҳо маълум гашт, ки Шоҳсанам бо фалаҷи майнаи сар (ДЦП) таваллуд шудааст. Ӯ ба хулосаи духтурон бовар кардан намехост. Ҳатто намехост, ки касе кӯдаки ӯро бубинад ва худро низ аз ҳама дур мекашид. Дар оила бошад, бо ҳар гуна баҳонаҳо ҷанҷолҳо сар мезаданд. Шавҳару хушдоманаш ӯро таънаву маломат мекарданд, ки гӯиё ӯ фарзанди солим таваллуд карда наметавонад. Шавҳараш ба ӯ шарт гузошт, ки фарзандашро ба хонаи маъбон супорад, вале Мухбирахон розӣ намешуд. Новобаста аз маломатҳои паёпай ӯ ба хотири нигоҳдошти оилааш ба ҳамааш тоқат мекард. Аммо рӯзе, ки шавҳараш ба пойи Шоҳсанам бо навдача заду кӯдакро ба беақлӣ маҳкум намуд, ӯ дигар тоқат карда натавонист. Ду фарзандашро бо худ гирифта, ба хонаи падару модараш баргашт. Он вақт низ ӯ ҳомиладор буд. Муддате чанд фарзанди сеюмаш – Манучеҳрро дар хонаи модараш таваллуд кард. Баъд аз муоина маълум гашт, ки Манучеҳри навзод низ гирифтори фалаҷи майнаи сар аст. Мухбирахон он замон хеле хуб дарк намуд, ки набояд аз фарзандонаш шарм дорад ва онҳоро пинҳон кунад, чун онҳо ба ӯ ниёз доранд.
Омӯзиш ва малакаҳои нав ба хотири фарзандон
Ҳарчанд ба Мухбирахон модару бародараш кӯмак мекарданд, аммо барояш тарбияи фарзандони ба нигоҳубини махсус ниёздошта осон набуд. Намедонист, ки чӣ кор кунад, чун дар бораи ҳуқуқу имтиёзҳои кӯдакаш чизе намедонист. Ҳамин тавр, ӯ бо ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони тамоюлҳои гуногуни инкишоф», ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд, шинос шуд. Кормандони ташкилот ӯро бо кӯдаконаш ба машқҳои инклюзивӣ ва тренингҳои омӯзишӣ ҷалб намуданд. Инчунин, барои ба расмият даровардани маъюбияти кӯдаконаш кӯмак намуданд. Писарчааш Манучеҳр ба таҳсилоти хонагӣ фаро гирифта шуд. Мухбирахон дар навбати худ бештар кӯшиш мекард, то дар ҳамаи дарсҳо, семинару тренингҳо сари вақт иштирок кунад. Дониши андӯхтаашро дар хонааш татбиқ намуда, бо фарзандонаш кор мекард. Пас аз чанд муддат мутахассисон ва худи ӯ мушоҳида карданд, ки имкониятҳои ҷисмониву зеҳнии кӯдаконаш ташаккул ёфта истодааст. Аз ҳар як дастоварди кӯдаконаш модар шодӣ мекард. Ӯ мехост, ба дигар модароне, ки фарзанди маъюб доранд, кӯмак кунад, то онҳо низ аз ҳуқуқҳои фарзандонашон бохабар шаванд, омӯзанд, кор кунанд ва онҳоро ба по хезонанд...
Ниҳоят, бо маслиҳати занҳои соҳибтаҷриба Мухбирахон хулоса кард, ки дар шаҳри Бӯстон низ бояд ташкилоте бошад, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта ва инкишофи онҳо кор кунад.
Мухбира – ҳимоягари ҷавонону кӯдакони маъюбиятдошта
Оғози кори нав мушкилиҳои худашро дошт. Дар аввал се нафар занон гурӯҳи ташаббускори «Модарони кӯдакони имконияташон маҳдуд»-ро таъсис доданд. Баъд аз як соли фаъолият ин гурӯҳ расман ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд» (ВКИМ)-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд. Онҳо хонаи модари Мухбирахонро муваққатан ҳамчун дафтари корӣ истифода бурданд. Муроҷиатҳо хеле зиёд шуданд ва қариб ҳар рӯз барои кӯдакон омӯзишҳо ташкил мешуд. Барои падару модарон маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ мерасониданд. Соли 2021 зарурат пеш омад, ки ташкилот фаъолияти худро бояд васеъ намояд. Ташкилот низ ба номи духтари Мухбирахон – «Шоҳсанам», гузошта шуд ва бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Бӯстон аз бинои Маркази саломатӣ соҳиби се ҳуҷра гардид. Акнун, кори онҳо боз ҳам афзуд. Барои ҳалли мушкилии ҳар як кӯдак ӯ пайваста кор мекард, чун барои он муносибати махсус зарур буд. Як нафар намедонист, ки чӣ гуна ба фарзандаш нафақапулӣ гирад, дигаре мехост, фарзандаш мисли дигар кӯдакони солим ба мактаб равад ва сеюмӣ, ба аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дошт... Ҳамаи ин масъалаҳо аз ӯ талаб мекард, ки бештар дар ҷустуҷӯ бошад, омӯзад ва барои онҳо кӯмак намояд.
Омор чӣ мегӯяд!?
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор шахсони маъбиятдошта ба сар мебаранд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1990 Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки он дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳои худро дорад ва беш аз 50 ҳазор шахсони маъюбиятдоштаро дар бар мегирад. Илова бар ин, якчанд ташкилоти ҷамъиятие мавҷуд аст, ки аз ҳуқуқҳои маъюбон дифоъ мекунанд.
Тибқи иттилои мақомоти дахлдор, аз ҷониби давлат ба маъюбон имтиёзҳои зиёде дода шудааст. Аз ҷумла, пурра ё қисман озод будан аз пардохти маблағи коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва зангҳои телефонӣ бархӯрдоранд. Бархе аз категорияҳои маъюбон аз додани андози нақлиёт ва замин низ пурра озод карда шудаанд.
Дар ин росто, 28 майи соли 2021 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре имзо намуд, ки ба иҷрои фармони Президент «Оид ба зиёд шудани ҳаҷми нафақаи категорияи муайяни нафақагироне, ки нафақаи маъюбиятро мегиранд» равона шудааст. Мувофиқи ин қарор, нафақаи маъюбони гурӯҳи I (суғуртавӣ ва нафақаҳои давлатӣ) аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 50%-и нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ (суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ) ба андозаи 20%-и нафақаи заминавии муқарраргардида ва нафақаи кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин гардидааст, низ ба ҳамин андоза (20%) боло карда шудааст.
Вале падару модари кӯдакони маъюбиятдошта мегӯянд, аксари онҳо дар бораи ҳуқуқу имтиёзҳои фарзандони худ маълумоти кофӣ надоранд ва ё дар аксар маврид ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
- Вақте падару модарон ба муассисаҳои гуногун барои ба расмият даровардани маъюбият муроҷиат мекунанд, ба ҳар гуна мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. Аввалаш намедонанд, ки кадом ҳуҷҷатҳоро бояд ҷамъ кунанд. Дигар ин ки то ҳол дар соҳаи тиб пулситониву ришвахорӣ ба назар мерасад, яъне ҳоло ҳам баъзе аз мутасаддиён барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, муолиҷаи мавсимӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии маъюбият пул талаб мекунанд. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки кӯдакону ҷавонони маъюбиятдошта аз ҳуқуқу имтиёзҳои худ пурра бархӯрдор нестанд, - мегӯяд Мухбирахон.
«Шоҳсанам» – мусалмону насрониро муттаҳид менамояд
Аз аввалин рӯзҳои кориаш Мухбирахон бо модарони гуногунмиллат ва пайравони динҳои гуногун кор мекунад. Боре ҳам дар рафти кор миллат ва ё дин пеши роҳи онҳо нашудааст. Вале ҳамеша ба кӯмаки молӣ ниёз доранд, чун барои занҳо фарзандро ба хона гузошта, кор рафтан басо мушкил аст.
Мухбирахон мегӯяд, барои ҳалли мушкилиҳои молиявӣ асосан саховатмандон кӯмак мерасонанд: «Дар қуттиҳои хайротӣ бештар дафтару қаламҳои ранга ва бозиҳои гуногунро ҷой медиҳанд, ки барои кӯдакон аз ин бозиҳои шавқовар истифода мебарем. Дар вақти фаъолият, муносибати касе ба миллат ва ё дини дигар касе эътибор намедиҳад. Баръакс, мо идҳои мусалмониву насрониро якҷоя ҷашн мегирем ва бо ҳам аз рӯи эҳтиром муносибат мекунем. Яъне, моро мушкилии ягона муттаҳид кардааст. Боре ҳам байни мо тафриқаандозӣ ва ё нофаҳмие рӯй надодааст. Бо камоли эҳтиром, ҳамдигарро бо ҷашнҳои динӣ табрик карда, тӯҳфаву кӯмак қабул мекунем ва якдигар дасти ёрӣ дароз менамоем».
Динҳо нисбати ғамхорӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон
Ҳамаи динҳо кӯмак ва ғамхориву пуштибониро муҳим, зарур ва кори савоб мешуморанд. Дар бораи зан муҳофизаткунандаи ҳуқуқи дигар занҳо аст, дин чӣ мегӯяд? Оё дар таърихи динҳо ва дар китобҳои муқаддас оид ба ин мавзӯъ нақле ҷой дорад?
Акмалхон Абдуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом» дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, занон ҳам баробари мардон ӯҳдадоранд, то саҳму нақши худро дар рушди ҷомеа гузоранд.
«Дар таърих занҳое буданд, ки ба хотири фарзандонашон ба вазниниҳо, азобу шиканҷаҳо тоб оварда, ба шариат хизмат кардаанд. Мисоли барҷаста, модари Ҳазрати Имом Бухорӣ ҳастанд (Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, (ар. إمام البخاري;) 19 июли 810 – 1 сентябри 870, донишманд, ҷамъовар ва пажӯҳишгари ҳадис, шореҳи Қуръон, муаллифи «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ»). Имом Бухорӣ нобинои модарзод буд ва аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расидааст. Бо заҳмату дуоҳои модар дар 4-солагӣ биноии Имом Бухорӣ барқарор мегардад. Аҷри амалу рафтори ин гуна занон, ки ба хотири фарзандонашон сабру таҳаммул мекунанд, хеле боло аст», - афзуд Абдуллоев.
Дар ин росто, рӯҳонии Калисои православии Ҳазрати Марями Баробаррасули Магдалинаи шаҳри Хуҷанд, Мардарий гуфт, дини насронӣ занро маҷбур мекунад, ки ба мард итоат кунад. Вале ҳолатҳое мешавад, ки зан маҷбур аст, манфиати фарзандро боло донад: «Мақсади асосӣ нигоҳ доштани оила аст. Аммо вақте зан манфиати фарзанди мӯҳтоҷашро аз он болотар медонад, хато нест. Умуман, кӯмак кардан ба нотавонон, ин як хайроти бузургтарин мебошад».
Намояндаи дини баҳоӣ Умеда мегӯяд, принсипҳои асосии дини баҳоӣ пур аз меҳрубонӣ, дӯстӣ ва рафоқат аст. Лоиҳаи калонтарини онҳо, ки «Ҳамсояҳо» ном дорад, аз кӯмак кардан ба ҳамсояи худ иборат аст.
- Лоиҳаро мо асосан миёни хонандагони мактаб ва ҷавонон татбиқ мекунем. Вақте кӯдак дар доираи оилаи худ, ҳамсояи худ ба касе кӯмак карданро меомӯзад, ӯ ҳамчун инсони комил ба воя мерасад. Тоҷикон мақоле доранд: «Ба тарбияи кӯдак ҳафт маҳалла ҷавобгар аст». Ин мақол ҳозир аз байн рафтааст. Фикр мекунам, вақте кӯдак инсондӯст асту бо ҳамсояи худ бо рафоқат зиндагонӣ мекунад, дар ҷомеаи мо низ амалҳои бад камтар мешавад, - афзуд Умеда.
Кори ман ин рисолати инсонпарварӣ
Имрӯз беш аз 40 нафар кӯдакони маъюбиятдошта дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баробари дигар кӯдакон таҳсил мекунанд. Дар МТМУ-и №3-и шаҳри Бӯстон синфи захиравӣ барои рушди кӯдакони маъюбиятдошта таъсис дода шудааст.
Ҳоло дар атрофи ташкилоти ҷамъиятии «Шоҳсанам» беш аз 200 нафар оилаҳое, ки пайвандонашон маъюбият доранд, ҷамъ шудаанд. Онҳо дар якҷоягӣ доир ба дастрасии баробар ба таҳсил як қатор корҳоро анҷом дода истодаанд...
Мухбирахон дар баробари тарбияи ду кӯдакаш ба садҳо нафар кӯдакони дигар модарона муносибат мекунад. Лату кӯби шавҳар, таҳқирҳои хушдоманашро фаромӯш кардааст. Якҷоя бо фарзандонаш орзуву нақшаҳои зиёд дорад. Ӯ мехоҳад, боз ба кӯдакони зиёдтар кӯмак расонад, занҳое, ки кӯдаки маъюб доранд, ҳар чӣ бештар онҳоро аз хона барорад ва ба ҳаёти нав пайваст намояд. Чун ӯ кори худро адои рисолати инсонпарварӣ медонад.
Гузал МАҲКАМОВА, журналист
Махфиратҷон УСМОНОВА, журналист
Насим РАҲИМОВ, аксбардор
Комментарии
Отправить комментарий