К основному контенту

Сообщения

Сообщения за 2022

КОРИ САВОБ САРҲАД НАДОРАД Ё қиссаи зани ҳимоягари ҷавонону кӯдакони маъюбиятдошта

Мухбирахон, сокини шаҳри Бӯстон ва модари се фарзанд аст. Ду фарзандаш маъюбият доранд. Баъд аз таҳқиру дашномҳои шавҳар ва хушдоман ӯ аз оилааш ҷудо шуд. Қарор кард, ки худашро ба тарбияи фарзандонаш ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб мебахшад... Тақдир, таҳқир ва ҷудошавӣ Мухбирахон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаб мехост, таҳсили худро дар донишгоҳ идома диҳад. Аммо имкониятҳои оилавӣ даст намедод, ки ӯ ба орзуи худ бирасад. Бо маслиҳати модар Мухбирахон дар омӯзишгоҳ таҳсил намуда, ба ихтисоси мураббияи муассисаҳои томактабӣ соҳиб гашт. Дар 18-солагӣ оиладор шуд ва як сол пас ин оила соҳиби писарчаи зебо гардид. Тавлиди фарзанди нахустин – Шероз, ҳаёти оилаи ҷавонро рангин намуд. Пас аз 5 сол духтарчааш – Шоҳсанам, таваллуд шуд. Аммо инкишофи ҷисмии Шоҳсанам каме сустар буд. Дар 6-моҳагӣ вазнаш баробари вазни навзод буд. Пас аз ташхису муоинаҳо маълум гашт, ки Шоҳсанам бо фалаҷи майнаи сар (ДЦП) таваллуд шудааст. Ӯ ба хулосаи духтурон бовар кардан намехост. Ҳ

«РИЗҚУ РӮЗИАШРО ХУДО МЕДИҲАД» ва ё қиссаи зани серфарзанд

Ӯ орзу дошт, табиб шавад. Наздики 20 сол инҷониб ҳамчун хамшираи тиб дар беморхонаи марказии ноҳия кор мекунад... Оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд... Тибб ва Ислом исқоти ҳамлро инкор мекунад Фараҳангези 43-сола, модари 5 фарзанд аст. Ӯ дар оилаи калон ба воя расидааст. Бинобар фарзанди аввалин буданаш ӯ бештар ба модараш дар калон кардани ду хоҳар ва ду додари худ кӯмак кардааст. Орзу дошт, табиб шавад. Баъд аз хатми мактаби ноҳия ба коллеҷи тиббии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, омад. Пас аз хатми коллеҷ, барои кор ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт рафт. Қариб 20 сол аст, ки ҳамчун хамшираи тиб дар шӯъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт кор мекунад... Фараҳангез оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд. Ҳамин т

«Имон ва эътиқоди мустаҳкам маро устувортар намуд»

Аутизм – ихтилолест, ки бо норасоии ҳамаҷонибаи ҳамкории иҷтимоӣ ва муошират бо шавқмандиҳои маҳдуд ва амалҳои такроршаванда тавсиф меёбад. То ҳол сабаби аутизм маълум нест, аммо тадқиқот нишон медиҳанд, ки аутизм натиҷаи маҷмӯи ихтилолҳои генетикӣ ва омилҳои берунии биологию экологӣ аст... Аутист метавонад, дар оилаи солим таваллуд шавад. Қаҳрамони мо ба хотири фарзанди аутисташ касбашро иваз кард. Бештар дуо хонда, эътиқодашро мустаҳкам намуд. Маҳз эътиқоду имонаш ӯ ва фарзандашро дар зиндагӣ устувортар кард. Беҳрӯз – «особенный ребенок» Хиромон нахустфарзандашро бо азобҳои зиёд таваллуд кард. Ҳолати ҳар ду – ҳам модару ҳам кӯдак, вазнин буданд. Духтурон гуфтанд, ки зинда мондани кӯдак зери суол аст, чун осебҳои зиёд дорад. Ҳатто дар ҳолати зинда монданаш, шояд кӯдак суст инкишоф ёбад ва ё фалаҷ шавад. Давоми як моҳ модару кӯдак барои зинда мондан дар шӯъбаи эҳёи бемористон мубориза бурданд. Кӯдакаш тариқи дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид. Рӯзе, ки ҳолати кӯдак беҳтар шуду бидуни кӯмаки

«МАН БАРОИ ДИГАРОН ЗИНДАГӢ МЕКАРДАМ»

Замира ба хотири дигарон зиндагӣ мекард. Аз гапҳои зиёду таҳқири мардум тарс дошт. Аммо, вақте фаҳмид, ки шавҳараш бо зани дигар муносибат дораду ӯро ба никоҳи худ даровардааст, Замира дигар тоқат карда натавонист... Умеди барбодрафта Баъд аз хатми мактаб Замира (ном иваз карда шудааст) ба донишгоҳ дохил шуд. Дар 19-солагиаш бо хоҳиши падару модар ба шавҳар баромад. Домод аз Замира 4 сол калон буд. Шавҳараш дар соҳаи бонкдорӣ кор мекард. Ӯро падару модари Замира аз рӯи талаботи «оилааш нағз», «бача хондагӣ, кор мекунад», «хонаю дараш хуб аст» интихоб намуда буданд. Вале шавҳараш аз оғози оиладоршавӣ ба ӯ чандон эътибор намедод. Умед дошт, ки рӯзе дар дили шавҳар нисбат ба ӯ ва фарзандаш меҳру муҳаббат пайдо мешавад. Аммо шавҳараш ҳафта-ҳафта ба хона намеомад, зангҳои телефониро намебардошт, ба таъминоти оилаю фарзандаш аҳамият намедод. Дар баробари ин, хушдоман рафтори писарашро тарафдорӣ карда, мегуфт: «инҳо оилавӣ ҳамин хел, падараш ҳамин хел ва амакаш ҳам. Тоқат мекунед акнун». Рӯзҳ