Ӯ орзу дошт, табиб шавад. Наздики 20 сол инҷониб ҳамчун хамшираи тиб дар беморхонаи марказии ноҳия кор мекунад... Оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд... Тибб ва Ислом исқоти ҳамлро инкор мекунад Фараҳангези 43-сола, модари 5 фарзанд аст. Ӯ дар оилаи калон ба воя расидааст. Бинобар фарзанди аввалин буданаш ӯ бештар ба модараш дар калон кардани ду хоҳар ва ду додари худ кӯмак кардааст. Орзу дошт, табиб шавад. Баъд аз хатми мактаби ноҳия ба коллеҷи тиббии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, омад. Пас аз хатми коллеҷ, барои кор ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт рафт. Қариб 20 сол аст, ки ҳамчун хамшираи тиб дар шӯъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт кор мекунад... Фараҳангез оиладор ҳам шуд. Оилаи шавҳараш хеле калон буд. Ҳамаи наздикон тарафдори серфарзандӣ буданд, чун исқоти ҳамлро ҳам аз ҷиҳати дин ва ҳам аз ҷиҳати тиб номумкин меҳисобиданд. Ҳамин т