К основному контенту

Сообщения

Сообщения за август, 2022

КОРИ САВОБ САРҲАД НАДОРАД Ё қиссаи зани ҳимоягари ҷавонону кӯдакони маъюбиятдошта

Мухбирахон, сокини шаҳри Бӯстон ва модари се фарзанд аст. Ду фарзандаш маъюбият доранд. Баъд аз таҳқиру дашномҳои шавҳар ва хушдоман ӯ аз оилааш ҷудо шуд. Қарор кард, ки худашро ба тарбияи фарзандонаш ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб мебахшад... Тақдир, таҳқир ва ҷудошавӣ Мухбирахон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаб мехост, таҳсили худро дар донишгоҳ идома диҳад. Аммо имкониятҳои оилавӣ даст намедод, ки ӯ ба орзуи худ бирасад. Бо маслиҳати модар Мухбирахон дар омӯзишгоҳ таҳсил намуда, ба ихтисоси мураббияи муассисаҳои томактабӣ соҳиб гашт. Дар 18-солагӣ оиладор шуд ва як сол пас ин оила соҳиби писарчаи зебо гардид. Тавлиди фарзанди нахустин – Шероз, ҳаёти оилаи ҷавонро рангин намуд. Пас аз 5 сол духтарчааш – Шоҳсанам, таваллуд шуд. Аммо инкишофи ҷисмии Шоҳсанам каме сустар буд. Дар 6-моҳагӣ вазнаш баробари вазни навзод буд. Пас аз ташхису муоинаҳо маълум гашт, ки Шоҳсанам бо фалаҷи майнаи сар (ДЦП) таваллуд шудааст. Ӯ ба хулосаи духтурон бовар кардан намехост. Ҳ