К основному контенту

Сообщения

Сообщения за июнь, 2022

«МАН БАРОИ ДИГАРОН ЗИНДАГӢ МЕКАРДАМ»

Замира ба хотири дигарон зиндагӣ мекард. Аз гапҳои зиёду таҳқири мардум тарс дошт. Аммо, вақте фаҳмид, ки шавҳараш бо зани дигар муносибат дораду ӯро ба никоҳи худ даровардааст, Замира дигар тоқат карда натавонист... Умеди барбодрафта Баъд аз хатми мактаб Замира (ном иваз карда шудааст) ба донишгоҳ дохил шуд. Дар 19-солагиаш бо хоҳиши падару модар ба шавҳар баромад. Домод аз Замира 4 сол калон буд. Шавҳараш дар соҳаи бонкдорӣ кор мекард. Ӯро падару модари Замира аз рӯи талаботи «оилааш нағз», «бача хондагӣ, кор мекунад», «хонаю дараш хуб аст» интихоб намуда буданд. Вале шавҳараш аз оғози оиладоршавӣ ба ӯ чандон эътибор намедод. Умед дошт, ки рӯзе дар дили шавҳар нисбат ба ӯ ва фарзандаш меҳру муҳаббат пайдо мешавад. Аммо шавҳараш ҳафта-ҳафта ба хона намеомад, зангҳои телефониро намебардошт, ба таъминоти оилаю фарзандаш аҳамият намедод. Дар баробари ин, хушдоман рафтори писарашро тарафдорӣ карда, мегуфт: «инҳо оилавӣ ҳамин хел, падараш ҳамин хел ва амакаш ҳам. Тоқат мекунед акнун». Рӯзҳ